пятница, 13 марта 2009 г.

Порчае аз Модарномаи Лоик Шерали
Дар он соат, ки дилгирам,
Кучои модари пирам
Биё бинмой тадбирам,
Ки дар гирдоби такдирам
Сарам хохад навозишхои дастони туро имруз
Дилам хохад нигохи гарми чашмони туро имруз
Дилам хохад дуоятро
Ду дастатро чу ду боли парастухо
Ба суйи кибла бикшода
Худоро аз фалакхо бар замин хонда,
Сипас аз пушти ман гиристаи дар худ фуру монда
Чи мепурси ту аз ман бештар медони дунёрову кисматро
Чи мепурси ту аз ман бештар медони субху шоми давлатро
Вале ман хар кадар аз хикмати дунё сабак хондам
Кутуби кухнаву навро чу болин зери сар мондам
Надонистам, ки дар садсолаги хам боз хамчун кудаки парпечхохам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту факат афсус хохам хурд
Факат афсус хохам хурд.