воскресенье, 10 августа 2008 г.

Семинар

Салом ба хамаи иштирокдорони семинар!!! Тули ду рузе ки дар семинар иштирок доштем тренирхои тачрибадор баъзе нозукихои Интернетро ба мо фахмонданд. Мо кулли иштирокдорон ба тренирхои ботачриба Атоев Асомудин, апаи Фариштамох ва акаи Сайфулло ташаккури зиёд мегуем. Дар панохи Худо бошед.... 9.08.2008

суббота, 9 августа 2008 г.

Варзиш гарави саломатист!!!

Дуруд ба хамаи дустдорони варзиш.Чуноне ки ба хамагон маълум аст аз 08.08.2008 дар яке аз пешрафтатарин давлатхои чахон Хитой бозихои олимпи огоз шуд.Хушбахтона аз чумхурии мо низ бехтарин варзишгарони точик дар ин мусобика ширкат доранд,ки чандин маротибахо дар мусобикахои чахони иштирок намуда, номбардори миллат ва Точикистонро дар чандин давлатхои дунё муаррифи карданд.Миёни варзишгарони точик сафи духтарон низ кам нестанд,ки як кисми онхоро аллакай чахон мешиносад ва мо бо онхо ифтихор мекунем.Яке аз чунин ситорахои дурахшони сохаи варзиши Точикистон ин Зарина Икромова мебошад, ки хануз дар синни 17-солагиаш чемпиони чахон оид ба Таеквандо шудааст.Зарина иштирокчии чандинкаратаи мусобикахои байнамиллали буда,як маротиба чемпиони Осиё ва 3-маротиба бо унвони чемпеонкаи чахон мушарафф гардидааст. Ман барои Зарина ва тамоми варзишгардухтарони точик бурдборихои калонро таманно намуда умед дорем,ки сафи чунин кахрамондутарон дар чумхурии мо зиёд хохад шуд.Боки Худо мададгори онхо бод!!!